Телефон

+44-660-00-05
+44-660-00-09

Тамос бо мо

info@sipahr.tj

Дар бораи мо

Дар бораи мо:

ҶДММ "ТС Сипахр" дорои ичозатномаи ФС № 0000009 барои ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолият дар соҳаи "суғуртаи умумӣ", ки 22 ноябри соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст.

ҶДММ "ТС Сипахр" як Ширкати босуръат рушдёбанда мебошад, ки ба бозори муосири суғурта мувофиқат мекунад. Дар бозори дохилӣ ҶДММ "ТС Сипахр" як қатор барномаҳои муосир ва маъмули суғуртаро пешниҳод менамояд, ки ба анъанаҳо ва таҷрибаи мутахассисони беҳтарин дар ин бозор мувофиқанд ва барои мизоҷон ҳифзи иҷтимоии заруриро таъмин мекунанд. Ширкат дорои як гурӯҳи мутахассисони дорои таҷрибаи амалии суғурта мебошад, ки ният доранд маҳсулоти суғурта, технология ва услуби корро такмил диҳанд, омодаанд талаботи муштариёнро ба намудҳои мушаххаси суғурта муайян созанд ва маҳсулоти суғуртавии Ширкатро бо назардошти талаботашон мутобиқ созанд.

Айни замон, Ширкат ният дорад маҳсулоти суғуртавӣ, технология ва услуби корро такмил диҳад, инчунин талаботи муштариёнро ба намудҳои мушаххаси суғурта муайян кунад ва маҳсулоти суғуртавии Ширкатро ба талаботҳои онҳо мутобиқ созад.

Ҳадафи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «Сипаҳр»:

Мо барои пешрафти мунтазам ва рушди сифат, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷомеа ва ба муваффақияти шахсии муштариён, шарикон ва кормандони худ равонаем.

Мо ба мизоҷони худ кафолати ҳадди аксари суғуртаи боэътимод ва босифатро пешниҳод менамоем, ки пурра ҷавобгӯи манфиатҳои онҳо мебошад.

Тамос

  • ҶДММ “ТС Сипаҳр”
  • Телефон: +44-660-00-05 +44-660-00-09
  • Тамос бо мо: info@sipahr.tj
  • Суроға: 734012,Ҷумҳурии Тоҷикистон,ш.Душанбе,н.Шоҳмансур к.Айни 24а
  • Реҷаи кори: Душанбе - Ҷумъааз 8:00 то 17:00

服务于社会