Телефон

+44-660-00-05
+44-660-00-09

Тамос бо мо

info@sipahr.tj

Хизматрасониҳо

Суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ

ҶДММ "ТС Сипаҳр" Cуғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васлкуниро аз тамоми хавфҳо пешниҳод менамояд. Суғуртаи хавфҳои сохтмони муҳофизатро аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ, насб, азнавсозии биноҳо ва иншоотҳо ба амал меоянд.

Мо омода ҳастем барои суғуртакунӣ:

Хавфи зарари моддӣ:

корҳои сохтмони, ки масолеҳи сохтмони ва таркибҳо, инчунин унсурҳои сохтмони ва масолеҳе, ки аз ҷониби фармоишгар тавҳид карда мешаванд.

корҳои монтажи аз он ҷумла, таҷҳизоти васлшаванда, инчунин масолеҳ, таҷҳизот ва хизматрасони аз он ҷумла онҳое, ки аз ҷониби фармоишгар пешниҳод карда мешавад.

таҷҳизонидани майдончаи сохтмони (биноҳои муваққати ва иншоотҳо, биноҳои анбори, ҷангалҳои сохтмони, роҳҳои муҳандисӣ ва ғайра).

мошинҳои сохтмонӣ, техникаи заминкоби ва таҷҳизот (булдозерҳо, экскаватерҳо), техникаи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ, ки ба объекти сохтмон вобаста карда шудаанд (кранҳо, борбардорҳо, омехтакунандаҳои бетон-маҳлулҳо ва ғайра).

объектҳое, ки дар майдончаҳои сохтмонӣ ва ё дар наздикии бевосита ба он қарор доранд, ки ба фармоишгар ва ё пудратчи тааллуқ доранд.

Хавфҳои ҷавобгарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ

Ҷавобгарии гражданӣ аз рӯи уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳаёт, саломатии шахсони сеюм алоқаманд ва зарар ба молу мулки шахсони сеюм ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ.

Ҳодисаҳои зерин ҳодисаҳои суғуртавӣ эътироф карда мешаванд:

сухтор, таркиш, задани раъду барқ, афтодани таҷҳизоти парвозкунанда;

гирдбод, тӯфон, бӯрон, тундбод, зоҳиршави ҳаракати ҷисмҳои ҳавои;

афтодани тарма, сел ва дигар зуҳуроти ҳаммонанд;

обхези, туғёни об, борони сел ва дигар зуҳуроти ҳаммонанд;

фурӯравӣ ярч, нишастани хок, ғарқшави бо обҳои хоки ва дигар ҳаракати ҳаҷмҳои хоки;

заминларза;

амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм аз он ҷумла, дузди бо шикаста воридшудан, роҳзани ва амалҳои дигар;

садамаҳои шабакаҳои муҳандиси (қубурҳои обӣ, канализатсия, таъминоти гармӣ, таъминоти барқӣ);

хаттогиҳо ҳангоми монтажкунӣ;

фӯрурави ва ё нуқсондоршавии объект, аз он ҷумла бо қисматҳои фӯрураванда ва ё афтанда;

ҳар кадом дигар ҳодисаҳои ногаҳони ва ғайричашмдошт дар майдончаҳои сохтмонӣ.

Суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васкунӣ аз 0,2% - то 1,5%.