Телефон

+44-660-00-05
+44-660-00-09

Тамос бо мо

info@sipahr.tj

Хизматрасониҳо

СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ АЗ ҲОЛАТҲОИ НОХУШ ВА БЕМОРӢ

Ҳодиса, ҳолати нохуш – ҳамеша ғайричашмдошт ва одатан дар лаҳзаи номатлуб пайдо мешавад.

Аз фалокат суғурта кардан ғайриимкон аст, аммо шумо оқибаташро қисман ҷуброн карда метавонед. Албатта суғурта асабҳои харобшударо ва изтироби маънавиро ҷуброн намекунад, аммо он пардохтро бо пуле таъмин мекунад, ки масалан барои таботат ё танҳо ҳангоми истироҳат будан ва кор накардан сарф кардан мумкин аст. Корфармо дар чунин ҳолат, одатан, танҳо пардохти рухсатии бемориро пардохт мекунад ва ин аз маоши муқаррарии шумо хеле камтар мебошад.

Суғурта чӣ гуна кор мекунад:

Агар осебе дар натиҷаи ҳолати нохуш гирифта бошад, пас вобаста аз зарари расида ҷуброн бо пули нақд пардохт карда мешавад. Пардохти калонтарин пас ах фарорасии маъюбӣ рух медиҳанд ва дар ҳолати фавт, пардохт 100% маблағи суғуртаро ташкил медиҳад.

Масалан, агар шумо аз ҳолати нохуш ба маблағи 100 000 сомонӣ суғурта карда бошед, пас дар сурати шикастани устухонҳои буғуми зону, мо ба шумо 15 000 сомонӣ пардохт мекунем ва дар сурати сӯхтани пӯсти дараҷаи III бо масоҳати 20 кв.см – 45 000 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ аз 0,1% – то 7%.