30 сентябри соли 2020 ҶДММ "ТС Сипаҳр" бо ширкати суғуртаи Halyk шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
30 сентябри соли 2020 ҶДММ "ТС Сипаҳр" бо ширкати суғуртаи Halyk ( ҶСК Халик Бонк Қазоқистон") шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ширкати суғуртавии "Халик" як ширкати универсалии суғурта мебошад, ки барои ҳамаи категорияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маҷмӯи пурраи хадамоти суғуртавиро пешниҳод менамояд. Он қисми бузургтарин гурӯҳи молиявии Қазоқистон - "Halyk Group" мебошад. Дар бозори суғурта аллакай 25 сол вуҷуд дорад. Бо зиёд кардани шарикони худ “ТС Сипаҳр” имконияти фарогирии оптималии суғуртаро бо фарогирии дубораи суғурта таъмин карда метавонад.